- таг
- I[تگ]1. зер, буни ҳар чиз: таги бом, таги дег, таги чоҳ, таги дарахт2. пеш, назд; таги гап (хабар, кор) моҳият ва асли матлаб; аз таги дил аз сидқи дил, аз замири дил; аз таги чашм нигоҳ кардани пинҳонӣ, дуздида нигаристан; куртаи таг таҳкурта; куртаи шабпӯшак; хонаи таг; таҳхона; таг бастан ба соқи кӯҳна кафакии нав дӯхтан; таг задан пинҳон кардан, аз худ кардан (мас., пулро); таги по кардан помол кардан, нест кардан; тагу рӯ шудан зеру забар шудан, чаппаву роста шудан; таги чашм кардан чизеро ё касеро барои мақсаде таҳти назар қарор додан◊ аз таги дор гурехта(гӣ) одами бадкор, ҷинояткор; таг кашидани дил суст (беҳол) шудани дил; аз таги дунё нагиред! бисёр пулпараст нашавед, аз паи молу давлат набошед! каждуми таги бурё он ки пинҳонӣ ва хомӯшона бадкорӣ мекунад, зарар мерасонадII[تگ]1. тохтан, давидан, дав, давиш2. задан, зарба
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.